2022 сол
ТАҲЛИЛИ РЕГРЕССИОНИ ДАР НИЗОМИ БАҲОДИҲИИ ОМИЛҲОИ ТАЪСИРКУНАНДА БА АРЗИШИ АСЛИИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИ
МУАЛЛИФ: Абдураҳимов Абдуғаффор Абдувоситович – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров”
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(60). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола кӯшиши бо истифода аз воситаҳои таҳлили коррелятсионӣ муайян кардани вобастагии маҳсулоти тайёри коркарди саноати орд аз омилҳои моддӣ ва хидматрасонӣ ба амал бароварда шуд. Моделиронӣ ва таҳлили коррелятсионӣ ва регрессионӣ нишон додки, арзиши аслии истеҳсоли орд дар мадди аввал аз нархи ашёи хом, ки объективан тағйирёбанда аст вобаста мебошад, ки бо кофисенти 0,99 муайян карда мешавад. Дигар ташкилкунандагони арзиши аслии ба арзиши маҳсулоти тайёр таъсири ҳалкунанда намебошанд, ки инро чун ба талабот ҷавобгӯ будани ҳосилнокии меҳнат дар соҳа бояд баҳо дод. Таҳлил нишон дод, ки коркарди ашёи хом дар ҶДММ дар сатҳи бояду шояд ба роҳ монда шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
регрессия ва таҳлили реггессионӣ, коррелятсия ва таҳлили коррелятсинӣ, калкулятсия, арзиши аслӣ, таҳлили дисперсионӣ, хатогии стандартӣ, оморӣ регрессионӣ.