2022 сол
САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ИКТИДОРИ САНОАТӢ ВА БОЗДЕҲИ ФОНДҲОИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД
МУАЛЛИФ: Файзиева Дилноза Изатуллоевна - унвонҷӯи кафедраи назарияи иқтисодии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(60). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола самаранок истифодабарии иқтидори корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва боздеҳи фондҳои ин корхонаҳо таҳлил карда шудааст. Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии иқтидори саноатии минтақа дар умум муйаян карда шуд. Самаранокии иқтидори саноатии корхонаҳои минтақа, истифодабарии иқтидори он аз рақобатпазирӣ ва дараҷаи умумии рушди бахши саноатии иқтисодиёти минтақа ва хоҷагидории шаклгирифта вобастагӣ дорад. Нақши пешбарандаи он таъминоти техникӣ – иқтисодии иқтидори саноатӣ чун асоси ин раванд кушода шудааст, зеро, фондҳои асосӣ ин заминаи муҳим дар таъминкунии рушди иқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ба ҳисоб меравад. Самаранокии истифодабарии иқтидори саноатӣ дар боздеҳи фондҳои ба кор андозии фондҳои асосии корхонаҳои саноатӣ инъикос меёбад. Беҳтар истифода бурдани фондҳои асосӣ дар натиҷаи афзоиши талабот ба маҳсулотҳои саноатӣ дар асосӣ васеътар гузаронидани таҳқиқи маркетингӣ нисбат ба ҷалб кардани истеъмоли шахсият ба молҳои саноатӣ мебошад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
иқтидори саноатӣ, рақобатпазирӣ, фондҳои асосӣ, боздеҳи фондҳо, рушди иқтисодӣ.