2022 сол
ИҚТИДОРИ СОДИРОТИИ ЗЕРКОМПЛЕКСИ САБЗАВОТҲО ВА ДУРНАМОЮ РУШДИ ОНҲО
МУАЛЛИФ: Бобоҷонова Заррина Ғаниевна - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ, (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(60). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола натиҷаи тадқиқоти илмӣ ва мушоҳидаҳои амалӣ оварда шуда, оид ба парвариши зироатҳои сабзавотӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, лаблабу, помидор, бодаринг ва дигар намудҳои зироат, тарзи кишткардан, иҷрои корҳои агротехникӣ, истифодаи механизатсия ва техникаҳои муосири замонавӣ дар хоҷагиҳо маълумот дода мешавад. Интихоби навъ ва намуди зироати полизиҳо омили асосии фаровонҳосилии зироатҳо ба ҳисоб меравад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
навъи зироатҳои полизӣ, механизатсия, меҳнати дастӣ, боғдорӣ, ангурпарварӣ, гармхона, сардхона.