2022 сол
ХУСУСИЯТҲОИ БОНИТИРОВКАИ ЭКОЛОГИИ ХОК ВА ДУРНАМОИ ТАТБИҚИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАЛЛИФ: Боисов Нозимҷон Нaимович - муaллими кaлони кaфeдрaи экология вa ҳифзи тaбиaти МДТ-и “ДДX бa номи aкaдeмик Б.Ғaфуров”, Шaриповa Сaноaт Восидовнa - докторaнти курси 3-юми иxтисоси “гeогрaфия”, кaфeдрaи гeогрaфияи МДТ-и “ДДX бa номи aкaдeмик Б.Ғaфуров”
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(60). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола давраҳои асосӣ ва аҳамияти бонитировкаи экологии хок аз мавқеи фазоӣ – вақтӣ баррасӣ гардидааст. Тадқиқотҳои аҳамиятнок дар ҳошияи ҷабҳаҳои бонитировкаи хок ба аниқсозии нишондодҳои асосии ҳосилхезии хок таҳлил карда шудаанд. Ақидае баён карда мешавад, ки дар таҳқиқотҳои бонитировкаи экологии хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон услуби якпаҳлӯ, яъне ё нишондодҳои танҳо агрохимиявӣ ё танҳо биоиқлимӣ бартарият доштанд, ки хилофи талаботҳои баҳодиҳии комплексии хок мебошанд. Бо назардошти хусусиятҳои табиӣ пешниҳод карда мешавад, ки дар навбати аввал гузаронидани таҳқиқотҳои мониторингии хок амалӣ карда шавад, ки заминаи баҳодиҳии комплексии хок шуда метавонад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
бонитировкаи хок, баҳодиҳии комплексии хок, бонитировкаи экологии хок, мониторинги хок, нишондодҳои агрохимиявӣ ва биоиқлимӣ, шумора ва таркиби нишондодҳои баҳисобгиранда.