2022 сол
БОЗЁФТҲОИ НАВИ ФЛОРИСТИКИИ ОБСАБЗҲОИ САБЗ (CHLOROPHYTA) ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ
Мирсабуров Шавкатчон Мираҳматович - омўзгори кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳои факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, МУАЛЛИФ:Бобоев Мариё Тиллоевич - доктори илмҳои биологӣ, директори Маркази илмии Хатлони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(60). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола маълумотҳо оид ба бозёфтҳои нави флоравии обсабзҳои сабз (Chlorophyta), ки нахустин бор дар обҳавзаву сарчашмаҳои обии Тоҷикистони Шимолӣ дарёфт гардидаанд оварда шудааст. Обзабзҳои сабзи минтақаи мазкур пеш аз ин нисбатан хело кам омӯхта шудаанд ва дар натиҷаи тадқиқотҳои гузаронидаи мо 31 намуди нав барои алгофлораи обасбзҳои сабзи Тоҷикистони Шимолӣ, ки ба 3 синф (Chlorophyceae, Trebouxiophyceae, Ulvophyceae), 7 тартиб (Chlamydomonadales, Chaetophorales, Sphaeropleales, Chlorellales, Ulotrichales, Cladophorales,Oedogoniales ), 12 оила ва 17 авлод мансубанд, ба қайд гирифта шуд. Аз рӯи гуногуннамудӣ, оилаҳои Scenedesmaceae, Hydrodictyaceae, Selenastraceae, Oocystaceae ва авлодҳои Oocystis, Scenedesmus бартарӣ доранд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
бсабзҳои сабз, гуногунии биологӣ, алгофлора, Тоҷикистони Шимолӣ.