ТАЪСИРИ АНДОЗАИ НАМУНАҲОИ СИЛИНДРӢ АЗ АЛЮМИНИЙИ МАРКАИ А5 БА ВАҚТ ВА СУРЪАТИ ХУНУКШАВӢ


ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (3. Турахасанов Исфандиѐр Турахасанович.pdf)Тураҳасанов И.Т.ТАЪСИРИ АНДОЗАИ НАМУНАҲОИ СИЛИНДРӢ АЗ АЛЮМИНИЙИ МАРКАИ А5 БА ВАҚТ ВА СУРЪАТИ ХУНУКШАВӢ33
 


МУАЛЛИФ: Тураҳасанов Исфандиёр Тураҳасанович – муаллими калони кафедраи асосҳои назарияи радио ва электротехникаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ. 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(60).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола натиҷаҳои омӯзиши таъсири андозаи намунаҳои силиндрӣ аз алюминийи навъи А5 ба вақт ва суръати хунукшавӣ оварда шудаанд. Муайян карда шудааст, ки намунаҳо аз ҳисоби интиқоли конвективии гармӣ ва афканишоти ҳароратӣ хунук мешаванд. Вақти хунукшавии хос аз ҳисоби афканишот назар ба вақти хунукшавии хоси конвексия камтар аст. Муайян карда шудааст, ки вақтҳои хунукшавӣ аз ҳисоби афканишот ва конвексия бо зиёдшавии диаметри намуна  меафзоянд.

 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

алюминийи маркаи А5, хунукшавӣ, конвексия, афканишоти ҳароратӣ, таъсири андоза, вобастагӣ аз температура.