"ҶАНБАХОИ АФКОРИ ИҚТИСОДИИ МИЛЛӢ ДАР ҚОБУСНОМАИ У. КАЙКОВУС"

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (16. Мамадов Сайидмуродхон Валиевич.pdf)Мамадов С.В."ҶАНБАХОИ АФКОРИ ИҚТИСОДИИ МИЛЛӢ ДАР ҚОБУСНОМАИ У. КАЙКОВУС" 44

 


МУАЛЛИФ: Мамадов С.В.

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(59).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

"Дар мақолаи мазкур таҳлили ақидаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, низоми муносибатҳои иқтисодии феодализми шарқии Осиёи Миёна дар «Қобуснома»-и У.Кайковус, аз нуқтаи назари арконҳои илмии эътирофшудаи назарияи иқтисодии классикӣ кушиш карда шуд. Омӯзиши муттасили миллӣ-таърихии шаклҳои хоҷагидорӣ ва таҳлили он дар осори мутафаккирони тоҷик, на танҳо дониши моро бо афкори иқтисодии ниёгонамон шинос менамояд, балки ба андозаи муайян барои беҳтар дарк намудани вазъи кунунӣ имконияти васеъ фароҳам меорад. То ҳол, асарҳои мутафаккирони ватанӣ аз нуқтаи назари ақидаҳои фалсафӣ ва сиёсии онҳо таҳлил мешуданд, дар ҳоле, ки ба ақидаҳои иқтисодии онҳо кам таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст.Дар баробари ин, мақолаи мазкур ба хотираи олими барҷастаи тоҷик, ки дар рушди таърихи афкори иқтисодии ватанӣ саҳми бузург гузоштааст, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исломов Султонмурод Исломович бахшида мешавад."

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

"таърихи афкори иқтисодии миллӣ, «феодализми давлатӣ», муносибатҳои хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ-пулии байни минтақаҳои исломӣ ва ғайриисломӣ, омӯзиши касбу ҳунар, иқтисодиёти рӯзғордорӣ, майли меҳнати ҳадди ақал, ҷанбаҳои эндогении меҳнат."