МОДЕЛИРОНИИ ХУСУСИЯТҲОИ ТАҒЙИРЁБИҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛӢ ДАР СЕКТОРИ АГРАРИИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (26. Исмоилов Мамарахим.pdf)Исмаилов М.М., Махмудов М.К. МОДЕЛИРОНИИ ХУСУСИЯТҲОИ ТАҒЙИРЁБИҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛӢ ДАР СЕКТОРИ АГРАРИИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 38

 


МУАЛЛИФ:  Исмаилов М.М., Махмудов М.К.

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(58).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола, аз ҷониби муаллифон, натиҷаҳои тағйирёбиҳои институтсионалӣ дар сектори аграрии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ карда шудааст. Муаллифон натиҷаҳои ислоҳоти аграриро дар мамлакат таҳлил намуда, хулоса менамоянд, ки дар натиҷаи таѓйирёбӣ дар соҳаи аграрӣ як чанд омилҳои институтсионалӣ ба вуҷуд омаданд. Шрти муҳими институтсионалӣ, ки барои таъмини шароити мусоиди инсоният таъсир мерасонад ин қоидаҳои рафтор маҳсуб меёбанд. Дар асоси қоидаҳои рафтор институтҳо ташаккул меёбанд, ки ба рушди соҳаи аграрӣ таъсири мусбат ва манфӣ расонида метавонанд. Вобаста ба гуфтаҳои боло муаллифон таъкид менамоянд, ки тағйирёбиҳои институтсионалӣ дар зери таъсири омилҳои институтсионалӣ ба вуҷуд меоянд, ки бевосита аз ҷониби худи инсоният ташаккул дода мешавад. Муаллифон қайд менамоянд, ки дар натиҷаи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ дар се самти фаъолияти иқтисодӣ тағйирёбиҳои институтсионалӣ ба вуҷуд омадаанд. Якум, дар самти сохтор ва идораи давлатӣ ва ташаккулёбии давлати нави соҳибистиқлол, ки ба ташаккулёбии идоракунии хоси давлатӣ мусоидат намудааст. Дуюм, тағйирёбии шакли моликият институтҳои навро дар иқтисодиёт ба вуҷуд овард, ки пурзӯршавии моликияти шахсиро дар ҷомеа таъмин намуд. Дар навбати худ ин гуна тағйирёбиҳо ба рафтори агентҳои иқтисодӣ таъсир расонидааст, ки самти сеюми тағйирёбиҳои институтсионалӣ дар иқтисодиёти миллӣ ҳисоб меёбад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тағйирёбиҳои институтсионалӣ, омилҳои институтсионалӣ, ислоҳоти аграрӣ, муносибатҳои бозорӣ, сектори аграрӣ.