ХУСУСИЯТҲОИ РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (14. Каримова Мадина Давроновна.pdf)Каримова М.Д. ХУСУСИЯТҲОИ РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА 51

 


МУАЛЛИФ:   Каримова М.Д.


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(57).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола мафҳуми сайёҳии экологӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз назари рушди минбаъда мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Масъалаҳои таснифот ва принсипҳои муайянсозии мафҳум, ҷараёни ташаккул, бунёди инфрасохтор ва дигар ҷабҳаҳои сайёҳии экологӣ дар асоси маълумотҳои илмӣ, соҳавӣ ва ғайра таҳлил гардида, муаллиф ҷанбаҳои нави рушди сайёҳии экологиро ҷудо намудааст. Қайд карда шудааст, ки рушди сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хусусан парваришгоҳҳо ва боғҳои миллӣ дорои баъзе монеаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра мебошад, ки ҳаллу фаслро тақозо менамояд. Дар ин замина оид ба хусусиятҳои ташкил ва истифодаи пайраҳаҳои экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда вазъи кунунӣ ва имконияти рушди ин намуди сайёҳӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

истироҳат, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, сайёҳии экологӣ, сайёҳии агроэкологӣ, сайёҳии этноэкологӣ, рушди устувор, пайраҳаи экологӣ.