2021 сол
"РУШДИ ИТТИЛООТИКУНОНӢ ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҚТИСОДИЁТИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶА"
МУАЛЛИФ: Ҳасанова М.И.
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(59). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
"Муваффақиятҳо дар самти иттилоотикунонӣ дар иқтисодиёт тибқи сатҳи рушд дар кишварҳои ҷаҳонӣ гуногун аст. Аз ин лиҳоз, дар мақолаи мазкур, моҳияти хизматрасониҳои иттилоотӣ мавриди таҳлил мебошад, ки нақши он дар иттилоотикунонии иқтисодиёти давлатҳои пешрафта нишон дода шудааст. Таҷрибаи якчанд кишварҳои хориҷӣ, ки нисбатан мувафаққиятҳои назаррас доранд ва барои рушди иқтисодиёт саҳм гузошта истодаанд мавриди таҳқиқ қарор медиҳем. Баъзе кишварҳо дар ин самт ба муваффақиятҳои калон ноил гашта бошанд, ҳам дар баъзеи онҳо ақибмониҳо, пастравиҳо мушоҳида карда мешаванд, кишварҳои даҳгонаи қафомонда дар рейтинг аз рӯи критерияи Шохиси тайёрнокии шабака нишон дода шудааст. Таркиби талаботҳо ва хизматрасонҳои Интернет муқаррар карда шуда, мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Ҳақиқатан сатҳи даромаднокии аҳолӣ дар муайян намудани ҷараёни иттилоотикунонии ҷамъият нақши муҳимро дорад."
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
"шабака, хоҷагии халқ, иқтисодиёти иттилоотӣ, технологияи иттилоотӣ, иттилоотикунонии иқтисодиёт"