"МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИВУ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ИДМ"

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (18. Ашуров Муҳаммади Нусратович.pdf)Ашуров М.Н., Муҳсинова П.А., Шарипова Д.М., "МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИВУ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ИДМ" 45

 


МУАЛЛИФ: Ашуров М.Н., Муҳсинова П.А., Шарипова Д.М.,

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(59).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

"Дар мақола муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хориҷи кишвар ба таври мукаммал оварда шудааст. Мақола муҳтавои муносибатҳои дуҷонибаи омилҳои барқарорсозии иқтисоди Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи онро инъикос мекунад. Аз ҷониби муаллифон ҷадвали воридот ва содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баъзе кишварҳои ИДМ тартиб дода шудааст. Муаллифон қайд менамояд, ки рушди тиҷорат аз бунёди сохтори бахши соҳибкории иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси шаклҳои мухталифи моликият ташкил гардидаанд ва фаъолияти якҷояи онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, истеҳсолот маҳсуб ёфта, рақобати солими миёни истеҳсолкунандагонро тақвият мебахшад. Имконият фароҳам меорад, ки ҷойҳои нави корӣ ба амал ояд. Инчунин, қайд карда шудааст, ки дар шароити имрӯза дар Тоҷикистон бозори муосири молу хизматрасониҳо ташаккул ёфта, муҳити рақобатнокӣ ба амал омада, муҳити солими бозоргонӣ ташкил карда мешавад. Маҳз бо ҳамин сабаб донишҳои назариявӣ ва таҷрибавии ҷаҳонӣ оид ба қоидаҳои ба роҳ мондани бизнес, таҷриба ва малакаҳои ҷаҳонӣ ба ҳайси омилҳои пасткунандаи хавфи нокомиҳои соҳибкорӣ баромад мекунанд."

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

"иқтисодиёт, стратегияи идоракунӣ, тиҷорат, рушди истеҳсолот, содирот, воридот, хавф."