2021 сол
ПАРАМЕТРҲОИ МУНОСИБИ РАВАНДИ ТОЗАКУНИИ ОБИ ШАХТА АЗ МЕТАЛЛҲОИ ВАЗНИН БО ИСТИФОДАБАРИИ КОАГУЛЯНТҲОИ ОМЕХТА
МУАЛЛИФ: Амирзода О.Х., Хоҷиев С.К., Давлатов Д.С.
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(58). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола натиҷаҳои таҳқиқот бо усули коагулятсионӣ тозакунии оби шахтаи «Восточная» оварда шудаанд. Коагулянтҳои омехтаи дар асоси намакҳои оҳан ва алюминий барои тозакунии об истифода бурда шуданд. Параметрҳои муносиби раванди коагулятсияи об ва кор карда баромадани нақшаи принсипиалии технологияи тозакунии оби шахтаи «Восточная» нишон дода шудаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
оби шахта, коагулятсия, коагулянтҳои омехта, омилҳои таъсиррасон, металҳои вазнин, нақшаи принсипиалии технология.