Таъсири радионуклидҳо ба динамикаи молекулавии гуруҳҳои функсионалии кабар

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (5. Умаров Насимджон Негматович.pdf)Умаров Н., Юсупов И., Абдуманонов А., Кадиров А., Абдуллаев С., Абдуманонова ФТаъсири радионуклидҳо ба динамикаи молекулавии гуруҳҳои функсионалии кабар 36

 


МУАЛЛИФ:  Умаров Н.Н., Юсупов И.Х., Абдуманонов А., Кадиров А.Л., Абдуллаев С.Ф., Абдуманонова Ф.А.

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(58).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Бо усулҳои гамма-радиометрӣ ва нишонаҳои зондӣ таъсири радионуклидҳо ба ҳаракати чархзанандагии зондҳое, ки ба гуруҳҳои ҳидроксилӣ пайваст шудааст омӯхта шудааст. Муайян карда шуд, ки радионуклидҳо ба афзоиши ҳаракати чархзанандагии нишонаҳои зондӣ мусоидат мекунанд. Муайян карда шуд, ки дар ҳарорати хонагӣ дар намунаҳои модификатсияшуда ҳаракати нишонаи зондӣ бо вақти коррелятсиони τс ≤ 10-8с тағйир меёбанд, ва спектрҳои резонанси парамагнитии электронӣ тангтар мешаванд, ки ин аз афзоиши ҳаракатнокии фрагментӣ нитроксилӣ шаҳодат медиҳад. Дар натиҷаи таҳлили спектроскопияи инфрасурх, маълум гардид, ки ҳангоми боҳамтаъсири растанӣ ва радионуклидҳо мавқеи максимуми тасмаҳои лаппиши валентии гурӯҳҳои функсионалии ОН, СН, СН2 ва дигарон тағйир меёбанд.Муайян карда шуд, ки энергияи таъсири мутақобилаи байни молекулавии гуруҳи ҳидроксилӣ коҳиш меёбад, ки ин аз 20 то 40 см-1, ба самти басомади хурд ҷой иваз кардани максимуми гуруҳҳо шаҳодат медиҳад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

радионуклидњо, спектроскопия, нишонаҳои зондӣ, ҳаракати чархзанандагӣ, лаппиши гуруҳҳои функсионалӣ.