2021 сол
ГЕНЕЗИСИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҲСОНКОРӢ ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДӢ: АЗ ДАВРАИ ДУНЁИ ҚАДИМ ТО МАРҲИЛАИ МУОСИР
МУАЛЛИФ: Мирбобоева М.И.
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(57). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Таҳаввули фаъолияти эҳсонкорӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз давраи дунёи қадим то марҳилаи муосир бо як қатор омилҳои номусоиди рушди иҷтимоӣ марбут аст, ки ба баландшавии тафовути иҷтимоӣ, миқёси камбизоатӣ, ва дар тақсимоти даромади музди меҳнат аҳамияти нокифоя доранд. Дар чунин шароит шумораи гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир, ки ба кӯмаки иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, дар шакли чораҳои мухталифи дастгирӣ аз ҷониби давлат ва ҷомеа меафзояд. Барои расонидани чунин кӯмак, яке аз муҳимтарин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкилотҳои хайриявӣ мебошанд, ки таъсиси онҳо дар даҳсолаи охир фаъолтар шудааст. Бо назардошти ин, таваҷҷӯҳи хос ба эҳсонкорӣ ва арзёбии захираҳои иҷтимоию иқтисодии ин фаъолият дар самти пешниҳоди хидматҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ зоҳир карда мешавад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
фаъолияти эҳсонкорӣ, фаъолияти хайриявӣ, саховатмандӣ, соҳаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ соҳибкорони саховатпеша.