ТАДҚИҚИ МИҚДОРИ МЕТАЛЛҲОИ ВАЗНИН ДАР ТАРКИБИ ЯВУДИ ТАЛХИ (ARTEMISIA ABSINTHIUM L.) ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ САБЗИДА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (9. Умаров Насимджон Негматович..pdf) Умаров Н.Н., Абдуллаев С.Ф., Халифаева Ш.Х.ТАДҚИҚИ МИҚДОРИ МЕТАЛЛҲОИ ВАЗНИН ДАР ТАРКИБИ ЯВУДИ ТАЛХИ (ARTEMISIA ABSINTHIUM L.) ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ САБЗИДА 68

 


МУАЛЛИФ:  Умаров Н.Н., Абдуллаев С.Ф., Халифаева Ш.Х.


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(57).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола натиҷаи таҳқиқоти явуди талх (ЯТ), ки аз хоки ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд љамовари шудааст, оварда шудааст. Муайян карда шудаст, ки миқдори Zn, MnO ва Ni дар таркиби ЯТ зиёдтар ва миқдори Pb, Cu, As, Cu, Sr, V ва Co дар таркиби хок зиёдтар аст, яъне хок аз ин унсурҳо бойтар мебошад. Миқдори Fe2O3, Cr ва TiO2 дар таркиби намунаҳо якхела аст. Зиёд будани Pb, Cu, As, Cu, Sr, V ва Co дар таркиби хок таъсири эҳтимолии антропогениро ба растаниҳо нишон медиҳад. Миқдори мис, кобалт, сурб, титан ва стронций назар ба Кларк дар хок зиёдтар аст ва барои металҳои вазнини боқимонда норасоии онҳо дар хок муайян карда шудааст. Коэффитсиенти фурўбарии биологӣ барои ЯТ барои Zn (19.81), Ni (8.83), MnO (1.81), Cr (1.44) ва Sr (1.12) аз воҳид (К> 1) калонтар аст, ки ин интиқоли интенсивии онҳоро аз хок ба растанӣ исбот менамояд, барои унсурҳои дигар бошад ин раванд сустар мебошад. Ин далел нишон медиҳад, ки ЯТ метавонад барои барқароркунии хокҳои дорои миқдори зиёди Zn, Ni ва Cr истифода бурда шавад, зеро ин унсурҳо тибқи таснифи хатарият ҳамчун унсури хатарнок тасниф карда мешаванд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

металлҳои вазнин, хок, явуди талх, ҳадди ниҳоии консентратсия, Кларк, коэффисиенти фурўбарии биологӣ, HYSPLIT.