ИСТИФОДАБАРИИ ИҚТИДОРИ ИНДУСТРИАЛИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (19. Файзиева Дилноза Изатуллоевна.pdf)Файзиева Д.И. ИСТИФОДАБАРИИ ИҚТИДОРИ ИНДУСТРИАЛИИ ВИЛОЯТИ СУҒД47

 


МУАЛЛИФ: Файзиева Д.И.


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(56).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаҳои оқилона истифодабарии иқтидори индустриалии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ташаккул додани модели индустриалӣ-аграрӣ таҳлил карда шудааст. Дар вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ пояҳои иқтисоди бозоргонӣ густариш ѐфтаанд ва имконияти такмил додани механизми оқилона истифодабарии иқтидори индустриалӣ ба шарти таҷдиди сармояи асосӣ пайдо гардиданд, ки дар мақола таҳлил шудааст. Ҳамчунин дар он дараҷаи вазъи техникии иқтидори индустриалӣ, хусусият ва самтҳои рушду инкишофи минтақа дар асоси ташкил намудани истифодабарии принсипҳои оқилонаи истеҳсолот, маҳсули зеҳнӣ ва индустриалӣ таҳлил шудааст. Ҳамин тариқ, суръати рушди иқтисодиѐти минтақа бештар аз омилҳои инсонӣ ва аз оқилона истифодабарии иқтидори индустриалӣ вобастагӣ дорад, ки асоси ташаккули модели рушди саноатӣ-аграриро ташкил медиҳад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

принсип, оқилона истифодабарӣ, иқтидор, саноат, рушд, инкишофи минтақа, рақобатпазирӣ.