"МАЗМУН ВА СОХТОРИ НЕЪМАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ҲАМЧУН ОБЪЕКТИ БАХШИ ДАВЛАТИИ ИҚТИСОД"

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (11. Азимова Муқадасхон Мухамедовна.pdf)Азимова М.М., Мирсаидов С.А.МАЗМУН ВА СОХТОРИ НЕЪМАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ҲАМЧУН ОБЪЕКТИ БАХШИ ДАВЛАТИИ ИҚТИСОД48

 


МУАЛЛИФОН: Азимова М.М., Мирсаидов С.А.


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(56).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаҳои мазмун ва сохтори неъматҳои ҷамъиятӣ ва хусусиятҳои он дар бахши давлатии иқтисод бахшида шудааст. Муаллифон дар натиҷаи ҷамъбасти андешаҳои илмии олимон ба масъалаи зарурати омӯзиши бахши иқтисодӣ, ки дар он неъматҳо - захираҳо, молҳо, хизматрасонӣ на бо воситаи бозор, балки ба воситаи муассисаҳои иқтисодӣ чун Мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ тақсим карда мешаванд, диққати махсус зоҳир намудаанд. Дар мақолаи мазкур доираи таҳқиқоти неъматҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуда, барои муайян кардан ѐ ворид шудан ба мазмуни неъматҳои ҷамъиятӣ, таҳлили муқоисавии неъматҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ иҷро гардидааст. Ҳамзамон, муаллифон равиши методологии масъалаи неъматҳои ҷамъиятиро дар доираи ниҳодҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ мавриди баррасӣ қарор дода, вобастагии истеҳсоли неъматҳои ҷамъиятро аз низоми сиѐсии ҷомеа, кишвар арзѐбӣ намудаанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

бахши давлатии иқтисод, механизми бозоргонӣ, неъматҳои ҷамъиятӣ, неъматҳои соф, эҳтиѐҷоти иҷтимоӣ, равиши ниҳодӣ.