КОРКАРД ВА ТАФСИРИ МОДЕЛИ НАМУДҲОИ ТАЪЛИМ ВОБАСТА БА ПРИНСИПҲОИ ТАЪЛИМ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Назарова М.С..pdf)Назарова М.С.КОРКАРД ВА ТАФСИРИ МОДЕЛИ НАМУДҲОИ ТАЪЛИМ ВОБАСТА БА ПРИНСИПҲОИ ТАЪЛИМ30

 


МУАЛЛИФ:Назарова Муқаддас Султоновна, муаллимаи кафедраи педагогикаи умумии МТД ”ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”  (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи коркард ва тафсири модели намудҳои таълим вобаста ба принсипҳои таълим бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки риояи қоидаҳои таълим дар нақшагирӣ, ташкил, гузаронидани санҷиш натиҷаҳои таълим барои ҳама субъектҳои таълим шарт ва зарур аст. Зеро риояи принсипҳои дидактикӣ ва методӣ ба сифат, маҳсулнокӣ ва натиҷаи ниҳоии таълим таъсир мерасонад. Аз ин лиҳоз таҳия ва тафсири модели намудҳои таълим вобаста ба принсипҳои таълим мубрамияти махсуси илмӣ – методиро касб менамояд. Ҳар як принсипи таълим зарурати дидактикии ин ё он намуди таълимро дар раванди таълим тақозо менамояд. Нишон дода шудааст, ки ҳама принсипҳои таълим, дар ягонагӣ, дар маҷмӯъ ва дар алоҳидагӣ ҳамчун маҷмӯаи қонунҳои дидактикӣ – методӣ ҷанбаҳои гуногуни сифати таълимро муайян менамояд ва зарурати дидактикӣ – методии истифодаи маҷмуаи намудҳои  гуногуни таълимро вобаста ба ин ё он принсипҳои дидактикӣ тақозо менамояд. Хулоса мешавад, ки ҳамон таҷриба таҷрибаи пешқадами педагогӣ ҳисобида мешавад, ки дар он дар ташкил ва гузаронидани раванди таълим ҳадалимкон ҳамаи принсипҳои таълими намунавӣ мавриди риоя аз ҷониби субъектҳои таълим қарор дода мешавад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

таълим, принсипҳо, қоидаҳо, сифат, самаранокӣ, модели намудҳои таълим, натиҷаи таълим, риояи принсипҳои таълим, намудҳои таълим вобаста ба принсипҳои таълим, моҳият, мазмун ва мундариҷаи асосии принсипҳои таълим