Рӯйхат 2023
ҲОЛАТИ МУОСИРИ ТАШАККУЛИ ДОНИШҲОИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАЛЛИФ: Туев Шоҳин Шоевич, н.и.п., мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика; Саидов Асомиддин Қурбонович, ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва информатика; Хуҷамов Шокир Эрматович, ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Бӯстон)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола доир ба ҳолати муосири ташаккули донишҳои иттилоотию коммуникатсионии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳс менамояд. Зикр шудааст, ки дар замони пешрафта технологияи иттилоотию коммуникатсионии муосир донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бештар ба соҳаи технологияи иттилоотӣ ва технологияи компютерӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Ба назари муаллифон мутахассисони имрӯзаро зарур аст, ки истифодаи дурусти технологяи иттилоотию коммуникатсиониро пурра аз худ намуда, дар самти фаъолияти касби интихоб намудаашон фановариҳои навини иттилоотию мухобиравиро татбиқ намоянд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
технологияи иттилоотӣ, ҷомеаи иттилоотӣ, компютер, низомҳои ҳамгиро, алоқаҳои симӣ, дастгоҳҳои видеоӣ, таъминоти барномавӣ, Интерет, интеллекти сунъӣ, кибернетика, донишҳои иттилоотию коммуникатсионии шахсият