Рӯйхат 2023
САҲМИ ҶАББОР РАСУЛОВ ДАР РУШДИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН
МУАЛЛИФ: Набизода Ваҳҳоб Машраб, д.и.т., профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола саҳми арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ Ҷаббор Расулович Расулов дар рушди фарҳанги Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар асоси маводи амалӣ фаъолияти Ҷаббор Расуловро дар тайёр намудан ва тарбия кардани зиёиёни ҷавони эҷодкор таҳқиқ намудааст. Қайд карда мешавад, ки Ҷаббор Расулов дар давраи роҳбари ҶШС Тоҷикистон будан барои пешрафти муассисаҳои маданию маърифатӣ, дастаҳои эҷодӣ ва санъати театр хизмати арзанда кардааст. Хотирнишон мешавад, ки дар замони роҳбарии Ҷаббор Расулов таваҷҷуҳи хоса ба ғамхорию дастгирии адибон дода шудааст. Нишон дода мешавад, ки барои таҳкими дӯстии халқҳо баргузории рӯзҳои адабиёт ва санъати ҷумҳуриҳои бародари собиқ ИҶШС мусоидат менамуданд
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Ҷаббор Расулов, фарҳанг, актёрон ва драматургони ҷавон, дастаҳои эҷодӣ, муассисаҳои маданию маърифатӣ, санъати театр, рӯзҳои адабиёт ва санъат, дастгирии адибон, ҷоизаҳои давлатӣ