ТАНОСУБИ ҲАҚИҚАТ ВА БАДЕИЯТ ДАР РӮЗНОМАИ “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (35.Ниёзов Х.А..pdf)Ниёзов Х.А.ТАНОСУБИ ҲАҚИҚАТ ВА БАДЕИЯТ ДАР РӮЗНОМАИ “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”52

 


МУАЛЛИФ: Ниёзов Хуршед Атоуллоевич, унвонҷӯи кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Душанбе, Тоҷикистон)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи таносуби ҳақиқат ва бадеият дар навиштаҳои рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”ихтисос дода шудааст. Муаллиф қайд менамояд, ки маводи публисистии солҳои аввали фаъолияти газетаи мавриди таҳқиқ бештар ба далел ва аснод такя намуда, аз бадеият кам кор мегирифт. Аммо дар фаъолияти минбаъдаи рӯзноманигории гӯруҳе аз журналистони ин нашрия таносуби воқеъият ва бадеият риоя нашуда, бештар баёни эҳсоси даруниву руҳонии объекти гузориш авлавият пайдо намудааст. Муаллиф дар асоси таҳлили маводи зиёди публисистии газетаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба хулоса меояд, ки бадеият дар матолиби публисистӣ ба гунае истифода шавад, ки воқеиятро таҳриф накунад ва бо ҳақиқати зиндагӣ мутобиқат дошта бошад. Дар истифодаи бадеият адиб бештар озод, вале публисист пойбанди воқеъият боқӣ мемонад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ҳақиқат, бадеият, публисистика, “Ҷавонони Тоҷикистон”, газета, воқеъият