АҲАМИЯТИ ИЛМИИ ОСОРИ М. Р. ШУКУРОВ ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ ҲАЁТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (6.Ганҷакова М.Г..pdf)Ганҷакова М.Г.АҲАМИЯТИ ИЛМИИ ОСОРИ М. Р. ШУКУРОВ ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ ҲАЁТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН50

 


МУАЛЛИФ: Ганҷакова Матлуба Ганҷаковна, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии аҳамияти осори илмии яке аз таърихнигорони тоҷик М.Р.Шукуров дар инъикоси ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон ихттттисос ёфтааст. Қайд мешавад, ки дар таърихнигории миллӣ  нақши М. Р. Шукуров оид ба омӯзиш ва таҳқиқи масоили фарҳангии Тоҷикистони шӯравӣ назаррас мебошад, зеро муҳакқиқ тавассути заҳматҳои пайваставу тулонии хеш бо истифода аз маводи нодири бойгонӣ, ҳуҷчатҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ тамоми ҷанбаҳои маданияти ҷумҳуриро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба натиҷаи самарабахш ноил гардидааст. Тазаккур меравад, ки дар осори муҳаққиқ раванди инқилоби фарҳангӣ ва ғалабаи он дар шароити Тоҷикистон, маҳви бесаводӣ, фаъолияти мактабҳои типи нави шӯравӣ, илм, адабиёт, санъат, матбуот, нашриёт, тайёр намудани кадрҳои маҳаллӣ ва ташаккули зиёиёни маҳаллӣ таҷассум ёфтаанд. Муаллифи мақола аз баррасии масъалаи мазкур ба чунин натиҷа расидааст, ки  муҳимияти таҳқиқоти масоили фарҳангии М. Р. Шукуров дар даврабандии ҳаёти фарҳангӣ арзёбӣ мегардад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

таърихнигорӣ, фарҳанг, муҳаққиқ, бойгонӣ, ҳуҷчат, сарчашма, таърих, инқилоб, маҳви бесаводӣ, илм, адабиёт, санъат, матбуот, нашриёт, зиёӣ, даврабандӣ