«ТӮҲФАТ-УЛ-ХОНӢ»-И МУҲАММАДВАФОИ КАРМИНАГӢ САРЧАШМАИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (3.Саидов Б.Л..pdf)Саидов Б.Л.«ТӮҲФАТ-УЛ-ХОНӢ»-И МУҲАММАДВАФОИ КАРМИНАГӢ САРЧАШМАИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ60

 


МУАЛЛИФ: 
Саидов Бахтиёр Латифович, докторанти (PhD)-и кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии ҷойгоҳи сарчашмаи хаттӣ - «Тӯҳфат-ул-хонӣ»-и Муҳаммадвафои Карминагӣ дар омӯзиши таърихи хонигарии Бухоро дар асри XVIII бахшида шудааст. Дар мақола оид ба дастнависи «Тӯҳфат-ул-хонӣ», нашри факсимилии он, аз хатти форсӣ ба сиррилик баргардон намудан ва дар асоси он анҷом дода шудани таҳқиқот маълумот дода мешавад. Муаллифи мақола қайд мекунад, ки дар «Тӯҳфат-ул-хонӣ» вазъи сиёсии давлати Аштархониён, ҳуҷуми Нодиршоҳ ба Мовароуннаҳр, заволи Аштархониён ва ба сари қудрат омадани сулолаи манғития, талошҳои Муҳаммадраҳимхон баҳри мутамарказ кардани давлат, тобеъ намудани вилоятҳои алоҳида ва ҳокимияти  Дониёлбий муфассал инъикос шудаанд. Инчунин дар ин сарчашмаи таърихӣ ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таркиби этникии хонигарии Бухоро тасвир ёфтааст. Дар хулосаи муаллиф тазаккур меравад, ки «Тӯҳфат-ул-хонӣ»-и Муҳаммадвафои Карминагӣ яке аз сарчашмаҳои нодир дар омӯзиши таърихи асри XVIII хонигарии Бухоро ба ҳисоб рафта, маълумоти фаровони сиёсӣ, ҳарбӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва этникиро доро аст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

сарчашмаи таърихӣ, хонигарии Бухоро, воқеаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, сулолаи Манғития, Аштархониён, Муҳаммадвафои Карминагӣ, «Тӯҳфат-ул-хонӣ»