"ПЕРОМУНИ КОРБУРДИ АФКОРИ ПЕДАГОГИИ ҶАЛОЛУДДИНИ РУМӢ ДАР ДАРСҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Раҳимова М.А..pdf)Раҳимова М. А.ПЕРОМУНИ КОРБУРДИ АФКОРИ ПЕДАГОГИИ ҶАЛОЛУДДИНИ РУМӢ ДАР ДАРСҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ42

 


МУАЛЛИФ: Раҳимова Манзура Аҳмадовна, омўзгори  кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаи роҳу усулҳои корбурди осори Мавлавӣ дар дарсҳои забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки таҳлили китобҳои дарсии забони тоҷикии мактабҳои миёна нишон доданд, ки дар онҳо намунаҳо аз осори Ҷалолуддини Румӣ хеле каманд. Собит мегардад, ки истифодаи ҳикмати баланди ашъори Мавлоно дар дарсҳои забони тоҷикӣ барои забономўзиву забондонии шогирдон муассир буда, ҳусни дарс ва ҷанбаи тарбиявии онро меафзояд.Пешниҳод мешавад, ки матн ҳамчун маводи дидактикӣ дар баробари инъикос намудани ҳодисаи забонӣ бояд дорои ҷанбаи тарбиявӣ бошад ва иттилооти нав ба хонанда дода тавонад ва, бешак, осори мондагори Мавлавӣ дархури ин матлаб аст. Хулоса мешавад, ки истифодаи абёти пурҳикмату тарбиявии ҷалолуддини Румӣ  аз як тараф, алоқамандии байни фанҳои забон ва адабиётро таъмин намояд, аз ҷониби дигар барои тарбияи ахлоқӣ ва омӯхтани назокати забон, вожаву таркиботи ҷудогона, маъноҳои мутаорифи онҳо ба хонанда кӯмак мекунад.    

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

афкори педагогӣ, забони тоҷикӣ, дарс, адабиёт, Ҷалолуддини Румӣ