"ШАКЛ, МЕТОД ВА ТАРЗҲОИ ШИНОСОИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ БО АНВОИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Дадобоева М.Н., Осимова П.А..pdf)Дадобоева М.Б., Осимова П.А. ШАКЛ, МЕТОД ВА ТАРЗҲОИ ШИНОСОИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ БО АНВОИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ63

 


МУАЛЛИФ: Дадобоева Муҳарам Наимҷоновна, н.и.п., дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он, факултети санъати тасвирӣ ва технология, МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров”; Осимова Парвина Абдулатифовна, муаллимаи дараҷаи олии муассисаи таълимии миёнаи умумии №31(Тоҷикистон, Хуҷанд) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола доир ба масъалаи шакл, метод ва тарзҳои шиносоии хонандагон бо намудҳои санъати тасвирӣ бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки таҳлили асарҳои рассомон ҳангоми омӯзиши намудҳои гуногуни санъати тасвирӣ бо шинохти шахсиятҳои маъруф ва хизмати онҳо дар инкишофи санъату ҳунармандӣ, роҳ ва услуби иҷроиши корҳои эҷодӣ дар хонандагон ҳисси зебоипарастӣ, шинохти зебоӣ ва хушобурангии диёр, муқоисаи он бо табиати дигар давлатҳо, нигоҳ доштани мероси бои ниёгонро тарбия менамояд. Инчунин таъкид мегардад, ки методи сӯҳбат дар шиносоии хонандагон бо асарҳои санъати тасвирӣ мақоми хосаро ишғол намуда, яке аз методҳои фаъол ба ҳисоб меравад ва дар нигоҳ доштани хотири хонандагон оид ба мазмуни асари иҷрошуда нақши босазо дорад. Фарқияти ҳунари ҳайкалтарошӣ низ махсус қайд карда шудааст, зеро дигар намудҳои ҳунар агар дар сатҳи ҳамвор иҷро шаванд, ҳайкалтарошӣ тасвири сеандозагии ашёро нишон медиҳад, ки дар рафти омӯзиши он тасаввуроти фазоии хонандагон инкишоф дода мешавад.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

методи таълим, зебоишиносӣ, санъати ороишӣ- амалӣ, ҳайкалсозӣ, расм, сӯҳбат, ҳунарҳои мардумӣ, эҷодиёт, кундал, наққошӣ, кашидадӯзӣ, маҳорат