"ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ КАСБӢ ДАР ОМӮЗИШИ ДАРСҲОИ АМАЛИИ ГЕОМЕТРИЯ БАРОИ МУАЛЛИМОНИ ОЯНДАИ ФИЗИКА ДАР ДОНИШГОҲҲОИ ОМӮЗГОРӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Раҷабов Т.Б., Саидова Ф.Х..pdf)Раҷабов Т.Б., Саидова Ф.Х.ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ КАСБӢ ДАР ОМӮЗИШИ ДАРСҲОИ АМАЛИИ ГЕОМЕТРИЯ БАРОИ МУАЛЛИМОНИ ОЯНДАИ ФИЗИКА ДАР ДОНИШГОҲҲОИ ОМӮЗГОРӢ46

 


МУАЛЛИФ: Раҷабов Тағоймурод Бобоқулович, д.и.п., профессори кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ; Саидова Фарангис Хуршедовна, омўзгори кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физикаи МДТ МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таҳлили моҳият ва сохтори дарси амалӣ ҳамчун яке аз намудҳои фаъолияти таълимии омӯзгорони оянда дар донишгоҳи омӯзгорӣ бахшида шудааст. Алоқаи мутақобилаи маводи дарси назариявӣ дар раванди халли масъалаҳо дар машғулиятҳои амалй ошкор карда мешавад. Таҳдлили маҷмӯаи масъалаҳои «Математикаи олӣ» ва китоби дарсии «Геометрия» барои донишҷӯёни факултети математика нишон дод, ки дар ин васоити омӯзиш масъалаҳо оид ба истифодаи зарби вектории векторҳо дар курси физикаи умумӣ нокифояанд. Ин вазъият муаллифонро водор намуд, ки барои машғулиятҳои амалии факултети физика масъалаҳои мӯҳтавояшон физикиро тартиб диҳанд, ки асосиашон мушкилоти дарёфти моменти қувва ва қувваи Ампер ва Лоренс мебошанд. Намунаҳои машқҳои амалӣ оид ба мавзӯи «Ҳосили вектории ду вектор» оварда шудаанд. Халли якчанд масъалаи физикӣ нишон дода шудааст. Барои кори мустақилонаи донишҷӯён низоми супоришхо бо мазмуни физикӣ дода шудааст. Хулоса, баъзе тавсияҳои методӣ ба омӯзгорони фанни математика ва курси физикаи умумии донишгоҳҳои омӯзгорӣ дода шудаанд, ки ба гуфтаи муаллифон, ба онҳо дар татбиқи муносибати касбӣ ба омӯзиши фанҳои силсилаи математика ба муаллими ояндаи физика дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ ёрӣ мерасонанд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

машғулиятҳои амалӣ, муносибати касбӣ, геометрия, зарбкунии векторҳо, масъалаҳо бо муҳтавои физика,  раванди таълим, кори мустақилона, фаъолияти касбӣ, вазифаҳои курси математика