"МАХСУСИЯТИ УСУЛИ ОБРАНГНИГОРӢ ДАР ДАРСИ МУСАВВИРИИ ФАКУЛТЕТҲОИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ганиева М.А..pdf)Ганиева М.А.МАХСУСИЯТИ УСУЛИ ОБРАНГНИГОРӢ ДАР ДАРСИ МУСАВВИРИИ ФАКУЛТЕТҲОИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ42

 


МУАЛЛИФ: Ғаниева Малика Абдуқодировна, сармуаллими кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии МДТ “ДДХ ба номи акад. Ғафуров”( Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола  масъалаҳои хеле муҳимми вазъи имрӯзаи маърифати бадеӣ, мавқеи машғулиятҳои санъати тасвирӣ дар инкишофи тафаккури бадеиву ғоявӣ дар донишҷӯён, ташаккули сифатхои маънавию ахлоқӣ ва зебопарастиро мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Қайд мешавад, ки дар барномаи таълимии мактабҳо ба чунин фанҳои санъат, хусусан, «Санъати тасвирӣ» ба таври  зарурӣ аҳмият дода намешавад. Дар мақола на танҳо аҳамияти пешниҳоди таҷриба дар соҳаи фаъолияти тасвирӣ, балки тавассути ин фаъолият тарбия намудани шаҳрванди ҳамаҷониба маълумотнок ва ахлоқан ташаккулёфта сухан меравад.  Усулҳои асосии расмкашӣ ва графикии, ки дар силсилаибарномаи таълимии мактаби олӣ омӯхта мешаванд (қалам, гуаш, обранг) баррасӣ мешавад. Ба масъалаи ташкили раванди таълим оид ба омӯхтани усули обрангнигорӣ дар дарси санъати тасвирӣ диққати калон дода мешавад. Мураккабии кор дар ин услуб, махсусан дар марҳилаҳои аввали омӯзиши он шарҳ дода мешавад. Муаллиф тахмин мекунад, ки дар омӯзиши обрангнигорӣ кадоме аз пайдарпайҳо самараноктар хоҳад буд: пеш аз ба даст овардани малакаи истифодаи қалам ва гуаш ё баръакс. Муаллиф дар рафти мушоҳидаи кори донишҷӯён бо маводи гуногуни графикӣ ва тасвирӣ ба чунин хулоса меояд, ки дар марҳалаҳои аввали таълими санъати тасвирӣ зуд аз як мавод ба маводи дигар гузаштан ба донишҷӯён душвор аст, хусусан дар услуби обранг. Дар асоси натиҷаи  мушоҳидаҳо ва таҳлили онҳо муаллиф дар бораи ба донишҷӯён омӯзонидани услуби обрангнигорӣ тавсияҳо медиҳад.   

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 санъати тасвирӣ, тарбияи зебоишиносӣ, фаъолияти омӯзишӣ, эҷодкорӣ  обрангнигорӣ, роҳкорҳои ҳунарӣ  ва тасвири