"ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТИ КАСБИИ МУАЛЛИМОНИ ОЯНДА ҲАМЧУН ПРОБЛЕМАИ ПЕДАГОГӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Тиллохочаева М.Н..pdf)Тиллохоҷаева М.Н.ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТИ КАСБИИ МУАЛЛИМОНИ ОЯНДА ҲАМЧУН ПРОБЛЕМАИ ПЕДАГОГӢ40

 


МУАЛЛИФ: Тиллохоҷаева Муҳаббат Набиҷоновна, номзади илмҳои филология, дотсенти  кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии ташаккули салоҳияти касбии муаллимони оянда ҳамчун  яке аз проблемаҳои педагогӣ ихтисос ёфтааст. Хотирнишон шудаст, ки таълими ба салоҳиятнокӣ нигаронидашуда, таълимест, ки дар он тамаркузи аслӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, воқеъӣ, амалкардӣ) равона мешавад. Муаллифи мақола истилоҳи салоҳиятро дар адабиёти гуногуни педагогӣ ва равоншиносӣ мавриди баҳс қарор дода,  ба ин натиҷа мерасад, ки  моҳияти куллии салоҳияти касбии омӯзгор дар сарчашмаҳо бо вариантҳо ва моделҳои гуногуни  вижагиҳои аз ҷиҳати касбӣ  мушаххас карда мешавад. Хулоса мешавад, ки салоҳияти касбӣ ҳамчун моликияти интегративии шахсияти омӯзгор огоҳии ӯро дар соҳаҳои психологӣ, педагогӣ ва фаннии дониш, маҳорати касбӣ, таҷрибаи шахсӣ тавсиф мекунад. Салоҳият таълим дода намешавад, балки  дар натиҷаи касби дониш, малака ва маҳоратҳо  шакл мегирад ва он маҳз натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст.   

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

    адабиёти равоншиносӣ, дониш, малака, маҳорат, мафҳуми салоҳият, таҳаммулпазирӣ