"НАҚШИ МУАЛЛИФ ДАР ШЕВАИ ПЕШНИҲОДИ БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Косимова И.Т..pdf)Косимова И.Т.НАҚШИ МУАЛЛИФ ДАР ШЕВАИ ПЕШНИҲОДИ БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ37

 


МУАЛЛИФ: Қосимова Инобат Тӯхтабоевна, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров», (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба муайян намудани нақши журналисти телевизион дар шеваи пеҳниҳоди барномаи телевизионӣ дар мисоли барномаи “Нигоҳи нав” бахшида шудааст.Қайд карда мешавад, ки дар шароити рақобати иттилоотӣ  тамоми давлатҳо кӯшиш мекунанд, ки дар самти таблиғу ташвиқи ҳадафҳои худ устувор бошанд. Телевизион барои таҳти таъсир қарор додани аудиторияи васеъ нуфузи боз ҳам бештар пайдо мекунад, ки вобаста ба ин рушди техника ва технологияи ВАО имкону шароитҳои васеъ фароҳам меорад. Таҳқиқоти мазкур фаъолияти муаллифи барномаи телевизионӣ – журналисти телевизионро дар мисоли барномаи “Нигоҳи нав”, ки аз тариқи ШТР СМ-1 пахш мешавад мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст. Таъкид меравад, ки ба нияти возеҳи ифодаи рӯзноманигор, мавқеи муаллиф ва ҷустуҷӯи ӯ дар сохту шакли бадеии барнома қарор гирифтааст. Мақола дар асоси маводи фаровон ва барномаҳои телевизион  таълиф гардида, хулосаҳо моҳияти асосии таҳқиқотро бозгӯй мекунад.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 барномаҳои тафреҳӣ, “Нигоҳи нав”, журналисти телевизион, барномаи муаллифӣ, очерки телевизионӣ