"ТИМСОЛИ АБӮСАИДИ АБУЛХАЙР ДАР МАСНАВИҲОИ ФАРИДУДДИНИ АТТОР "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мирсаидов Б.Т..pdf)Мирсаидов Б.Т.ТИМСОЛИ АБЎСАИДИ АБУЛХАЙР ДАР МАСНАВИҲОИ ФАРИДУДДИНИ АТТОР41

 


МУАЛЛИФ: Мирсаидов Баҳром Тоҳирович, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ  «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба шарҳи афкору андешаи яке аз орифони номдор дар таърихи ирфону тасаввуф Шайх Абӯсаиди Абулхайр бахшида шудааст. Сараввал муаллиф ба таври мухтасар аз зиндагиномаву мақоми ӯ дар таърихи ирфону адабиёт мулоҳиза ронда, бо овардани чанд мисол аз сарчашмаҳои қадими адабиёти сӯфия, монанди «Кашф-ул-маҳҷуб»-и ҳуҷвирӣ, «Асрор-ут-тавҳид»-и Муҳаммади Мунаввар, «Тазкират-ул-авлиё»-и Аттор, «Нафаҳот-ул-унс»-и ҷомӣ ва дигар китобҳои ирфониву адабӣ гуфтори худро тақвият мебахшад. Сипас, дар заминаҳои маснавиҳои «Асрорнома», «Илоҳинома», «Мусибатнома» ва «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор ҳикоёти марбут ба рафтору кирдори Абӯсаиди Абулхайрро таҳлил намуда, нишон медиҳад, ки корномаҳои маънавии симоҳои барҷастаи тасаввуф барои такмили тарҳу сохтмон ва таҳкиму нерӯмандии мазмуну муҳтавои асарҳои арзишманди адабӣ хидмат менамоянд. Шоир бо истифодаи образҳои равшан, чун тимсоли Абӯсаиди Абулхайр ҳалқаҳои сужети маснавиро устувор ва таъсиру ҷозибаи суханро афзун мегардонад. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 Абӯсаиди Абулхайр, ҳуҷвирӣ, Аттор, ҷомӣ, «Асрор-ут-тавҳид», «Мантиқ-ут-тайр», «Илоҳинома», «Мусибатнома», «Асрорнома» ирфон, ахлоқ, маснавӣ, инсони комил