"БАҲСЕ ДАР АТРОФИ ТАСҲЕҲИ ЯК НОМА "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Зоиров Х.З..pdf)Зоиров Х.З.БАҲСЕ ДАР АТРОФИ ТАСҲЕҲИ ЯК НОМА38

 


МУАЛЛИФ: Зоиров Ҳалимҷон Зоҳидҷонович, н.,и.,ф., дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии  забони  тоҷикии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Китоби «Номаҳо ва муншаоти ҷомӣ», ки бо тасҳеҳи Асомиддин ӯрунбоев ва Асрор Раҳмонов дар Теҳрон ба нашр расидааст, яке аз нашрҳои нисбатан комили номаҳои Мавлоно Абдурраҳмони ҷомӣ (1414-1492) мебошад. Китоби мазкур дар маҷмуъ фарогири 433 номаи Мавлоно ҷомӣ мебошад, ки 337 нома аз «Маҷмӯаи муросилот» ё «Мураққаъ»-и Навоӣ, 78 нома аз «Рисолаи муншаот» ва 18 нома аз нусхаҳои мухталифи хаттӣ баргирифта шудаанд. Дар замимаи китоб матни 26 нома, ки ба унвони Мавлоно ҷомӣ аз тарафи Алишер Навоӣ, султон ҳусайн Бойқаро, Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор ва дигарон навишта шудаанд,  оварда шудааст. Аҳамияти ин китоб дар он аст, ки таҳиягарони матн бо такя ба  нусхаҳои мунҳасир ба фард, сарчашмаҳои боэътимод ва матнҳои душворхон онро таҳия ва тасҳеҳ намуда, баъд аз муқоиса ва муқобалаи нусхаҳои хаттӣ бо тавзеҳоти пурарзиши илмӣ пешниҳоди аҳли илму адаб намудаанд. Дар баробари муҳассаноти зиёд китоби мазкур холӣ аз камбудӣ ва хатои матншиносӣ нест.  ҳангоми муқоиса ва муқобалаи чанд нашри номаҳои Мавлоно ҷомӣ бо номаҳои мундариҷ дар мақолати дувуми «Хамсат-ул-мутаҳаййирин»-и Алишер Навоӣ муаллиф ба хулосае расидааст, ки ҳеч як нашри ватаниву хориҷӣ холӣ аз хатои матншиносӣ нестанд. Ин ҷо муаллифи мақола барои шоҳид баъд аз муқоисаю муқобилаи нашрҳои мухталиф як номаи Мавлоно  ҷомиро, ки арзиши зиёди адабӣ дорад, тасҳеҳ намуда, дар поён ба тафсил дар бораи ихтилофи нусхаҳои чопии он мактуб ва сабабҳои рух намудани хатоҳои матншиносӣ баҳс намудааст. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

номаҳо, муншаот, «Хамсат-ул-мутаҳаййирин», нусхаҳои қаламӣ ва чопӣ,  тасҳеҳ, матншиносӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ