"ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИЮ ҲУҚУҚИИ СОЗМОНЁБӢ ВА ТАШАККУЛИ ШӮЪБАҲОИ КОФТУКОВИ ҶИНОӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА (СОЛҲОИ1918-1924) "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Юсуфзода А.Ю..pdf)Юсуфзода А.Ю.ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИЮ ҲУҚУҚИИ СОЗМОНЁБӢ ВА ТАШАККУЛИ ШӮЪБАҲОИ КОФТУКОВИ ҶИНОӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА (СОЛҲОИ1918-1924)43

 


МУАЛЛИФ: Юсуфзода Азимҷон Юсуф, н.и.т., сардори кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети № 4-и Академияи ВКД ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикистон Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола таҳлили таърихию-ҳуқуқии ташаккул ва инкишофи дастгоҳи кофтукови ҷиноятӣ дар РАСС Туркистон дар  солҳои 1918-1924 оварда шудааст. Қайд карда мешавад, ки баъди барқарор гардидани Ҳокимияти Советй 28 ноябри соли 1918 дар қаламрави Туркистон бо мақсади таъмини тартиботи чамъиятй, бехатарии аҳолй ва ҳифзи давлат комиссариатхои халқии корҳои дохилй (НКВД) ташкил карда шуданд.  Вазъияти ноороми сиёсию  ҷиноятии Туркистонро ба назар гирифта, барои ташкили мақомоти ҷустуҷӯӣ- ҷиноятии назди НКВД-и Туркистони Советй чораҳои зарурй дида шуданд.  Хотирнишон мешавад, ки дар РАСС Туркистон ташкили  дастгоҳи кофтукови ҷиноии милитсия аз сабаби набудани таҷрибаи кори ташкилй кадрҳои аз муҳити коргару деҳқон, махсусан аз намояндагони миллатҳои маҳаллй, инчунин. дастурҳое, ки фаъолияти шуъбаҳои кофтукови ҷиноиро  ба тартиб меандозанд, як қадар кашол ёфт. Таъкид карда мешавад, ки барои  ба эътидол овардани  вазъи иҷтимоию ҳуқуқӣ ва мусоидат ба кори ташкили мақомоти кофтукови ҷиноӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳисоби кормандони милитсия курсҳои такмили ихтисоси кадрҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ташкил карда шудаанд. Дар бобати пахн намудани донишҳои судию тиббй низ чораҳо дида шуданд, зеро дар он солҳо судяҳои халкй, ки аксарияташон маълумоти махсус надоштанд, ҷиноятхоро тафтиш мекарданд. Муайян карда шудааст, ки ба душвориҳои калон нигоҳ накарда, то соли 1924 мақомоти кофтукови ҷиноии  Туркистон ба ошкор ва кам кардани чинояткорй дар байни аҳолй ёрй расонданд. Қайд карда мешавад, ки дар соли 1924 бо ташкил ёфтани республикаҳои миллии Осиёи Миёна НКВД-и Ҷумҳурии Туркистон ва ҳама мақомоти зерсохтории он, аз чумла шуъбаи кофтукови ҷиноятй барҳам дода шуданд. Дар асоси  маводи таҳқиқиӣ  хулоса бароварда мешавад, ки шуъбаи кофтукови ҷиной дар давраи аз соли 1918 то соли 1924 яке аз  сохторҳои асосии милитсияи Ҷумхурии Туркистон буда, асосан маҳз ҳамин зерсохтор  ба муқобили ҳама намуди ҷинояте, ки дар қаламрави РАСС Туркистон содир карда мешуданд, мубориза мебурд. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

КХДК, милитсия, шӯъбаи кофтукови ҷиноятӣ, Сарраёсати милитсия, дастурамал, низомнома, ҳуқуқ, тафтишот, ҷиноят, қонунэҷодкунӣ