"САҲМИ ҲУНАРПЕШАИ ХАЛҚИИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ ДАР ТАҲКИМИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Набизода В.М..pdf)Набизода В.М.САҲМИ ҲУНАРПЕШАИ ХАЛҚИИ ИТТИҲОДИ ШЎРАВӢ ҶЎРАБЕК МУРОДОВ ДАР ТАҲКИМИ ДЎСТИИ ХАЛҚҲО49

 


МУАЛЛИФ: Набизода Ваҳҳоб Машраф, д.и.т, профессори кафедраи таърихи ватан ва археологияи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола саҳми ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дар таҳкими дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар заминаи маводи мӯътамад фаъолияти Ҷӯрабек Муродовро ҳамчун тараннумгар ва сафири дӯстии халқҳо инъикос намудааст. қайд карда мешавад, ки сафарҳои чандинкаратаи эҷодии ҳофиз ба хориҷа, аз ҷумла Афғонистон, Эрон ҳиндустон, Ироқ, Лубнон, Сурия, Канада, Булғория, Исроил, Таиланд, Америка ва дигар кишварҳо таҳкимбахши дӯстии халқҳо мебошад. Таваҷҷӯҳи хоса ба бозтоби фаъолияти эҷодии Ҷӯрабек Муродов дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дода шудааст. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 Ҷӯрабек Муродов, ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, сафарҳои эҷодӣ, соҳибистиқлолӣ, сиёсати фарҳангӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, таҳкими дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ