2022 сол
"АСОСҲОИ МЕТОДИИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАИ ТАЪЛИМИ МАТЕМАТИКИИ ДОНИШҶӮЁНИ РАВИЯҲОИ ТЕХНИКИИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ "
МУАЛЛИФ: Муҳамедова Шаҳло Файзуллоевна, муаллими калони кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Муаллифи мақола масъалаҳои муҳими методиро, ки дар рафти таҳқиқи масъалаи таҳсилоти математикии донишҷӯёни равияи техникии донишгоҳҳо ба миён меоянд, баррасӣ кардааст. Муаллиф барои таҳлили ин мушкилот зарурати омӯзиши адабиёти педагогиву равоншиносӣ, тадқиқотҳои илмии педагогони русу ватанӣ, таҷрибаи омӯзгорони кафедраҳои математикаи донишгоҳҳои вилояти Суғд, таъминоти таълимию методии раванди таълим дар донишгоҳҳоро қайд намуда, гузарондани таҷрибаҳоро барои муайян кардани дараҷа ва сифати таҳсилоти математикии донишуёни равияи техникӣ, қайд кардааст. Натиҷаҳои таҳлил нишон дод, ки қисми амалии курси математикаи олӣ барои ихтисосҳои техникӣ кушода нашуда, диққати асосӣ ба усулҳои аналитикии ҳал, ки танҳо назарияи классикии математикаи олиро ифода мекунад, дода шудааст ва дар воситаҳои таълимии омўзгорон самти амалии математика ба назар гирифта нашудааст. Тамоюли касбии таълими математика ҳамчун омили такмили таҳсилоти математикии донишҷӯёни равияи техникии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани донишҳои мунтазам барои хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ зарурӣ ва муҳим аст. Ин намуди таълим бояд ба ташаккули малака ва маҳорати таҳлили ҳодисаҳо дар робита ва вобастагии байниҳамдигарӣ, ташаккули тафаккури эҷодии донишҷўён дар асоси донишҳои математикӣ мусоидат намояд. Ҷустучӯ ва коркарди усулҳои самарабахши таълими математикаи олӣ яке аз соҳаҳои мухимтарини кори омўзгорони мактабҳои олӣ мебошад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
такмили ихтисос, таҳсилоти математикӣ, дониши математикӣ, тамоюли касбӣ, таълими математика, усулҳои таълим, масъалаҳои методӣ, сифати таълим, шароит, фаъолият, мақсаднокӣ