ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИЮ ИРТИБОТӢ ДАР МАШҒУЛИЯТҲОИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА БАРТАРИИ ОН ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ризоев Э.С..pdf)Ризоев Э.С.ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИЮ ИРТИБОТӢ ДАР МАШҒУЛИЯТҲОИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА БАРТАРИИ ОН ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ52

 


МУАЛЛИФ: Ризоев Эҳсонхон Саидович, номзади илмҳои педагогика, сармуаллими кафедраи алгебра ва геометрияи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи   ба нақши технологияи иттилоотию иртиботӣ (ТИИ) дар машғулиятҳои математикаи олӣ дар мактабҳои олӣ дида баромада мешавад. Муаллифи мақола қайд менамояд, ки истифодаи ТИИ дар машғулиятҳои фанни математикаи олӣ дар шароити низоми кредитӣ дар мактабҳои олӣ имкон медиҳад, ки нисбат ба фанни таълимӣ шавқи донишҷўён баланд бардошта шавад, ва омўзгор имконияти аз болои иҷрои супоришҳо назорат бурданро пайдо мекунад. Муаллиф қайд мекунад, ки ТИИ ба донишҷўён имкон  медиҳанд, ки фаъолона бо шарикони вертуалӣ гуфтугў кунанд ва маҳорату малакаи муқовараию гуфтугўии баён намуданро зиёд намоянд, Мазмуни маводи таълимӣ ва истифодаи ТИИ ҳангоми омўзиши математикаи олӣ дар таълими низоми кредитӣ бояд ба талаботи равонию омӯзишӣ ва дидактикию техникӣ мувофиқат намояд. Дар мақола якчанд воситаи асосии таълими истифодаи технологияи компютерӣ дар таълими математикаи олӣ дар таълими низоми кредитӣ ва афзалиятҳои он барои баланд бардоштани сифати таҳсил оварда шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

технологияҳои иттилоотӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, омўзиши математикаи олӣ, тахтаи электронӣ, ҳавасмандкунӣ, раванди таълим, сифати таълим