дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

"ҶАЗИРАИ КАЛОНИ УССУРИ: ТАФОВУТ БАЙНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ДАР МУНОСИБАТ БА РУШДИ ҚАЛАМРАВ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Леонкин А.Д..pdf)Леонкин А.Д.ҶАЗИРАИ КАЛОНИ УССУРИ: ТАФОВУТ БАЙНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ДАР МУНОСИБАТ БА РУШДИ ҚАЛАМРАВ17

 


МУАЛЛИФ: Леонкин Александр Дмитриевич, аспиранти Донишкадаи идораи Шарқи Дур - филиали Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия (Русия, Хабаровск)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола навъҳои гуногуни бархӯрдҳои мақомоти давлатии Федератсияи Русия ва Чин доир ба рушди қаламрави ҷазираи Калони Уссури , ки як қисми он дар соли 2008 дар асоси созишномаи Русия ва Чин дар бораи аломатгузории марз ба Чин дода шудааст, баррасӣ шудааст. Дар мавод аҳамияти дар  ин қаламрав ҷойгир кардани хизматчиёни давлатӣ, ки барои рушди он ва татбиқи иқтидори сайёҳӣ, нақлиётӣ, тиҷоратию иқтисодӣ бевосита масъуланд, таъкид шудааст. Нишон дода шудааст, ки тачрибаи Ҷумҳурии мардумии Чин дар бобати азхудкунии босуръати қаламрав  барои мақомоти давлатии ФР намуна буда метавонад,  зеро ки ин барои Шарқи Дури Русия дар шароити ба вуҷуд омадани камбуди маҳсулоти хӯрокворӣ, дар  зуҳури ҳолатҳои бӯҳронӣ, ба монанди пандемия ва ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ аз ҷониби Ғарб аҳамияти вижа дорад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ҷазираи Калони Уссури, Чин,Русия, сарҳад, тиҷорати байналмилалӣ, баҳсҳои ҳудудӣ, туризм