ТАЪЛИМИ АСОСҲОИ ТАРРОҲӢ ЗИМНИ ОМӮЗИШИ ФАННИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (37.Азизов Ш.Ю.,Бобоева Ш.Ҳ.pdf)Азизов Ш.Ю.,Бобоева Ш.ҲТАЪЛИМИ АСОСҲОИ ТАРРОҲӢ ЗИМНИ ОМӮЗИШИ ФАННИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ36

 


МУАЛЛИФ: Азизов Шерзод Юсуфович, н.и.п., дотсент; Бобоева Шоиста Ҳакимовна, доктори фалсафа(PhD) аз рӯи илмҳои педагогика, сармуаллими калони кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Таълими санъати тасвирӣ хонандагонро ба дарки зебоии табиат ва санъат водор намуда, муносибати знбошиносӣ онҳоро нисбат ба ашё, ҳодисаҳои воқеии муҳит бедор менамояд. Дар мақола масъалаҳои таълими асосҳои тарроҳӣ зимни омӯзиши фанни санъати тасвирӣ ва ташкили маҳфили омӯзиши асосҳои тарроҳӣ баррасӣ шудааст. Муаллифон қайд мекунанд, ки касби тарроҳӣ дар тӯли даҳсолаҳои охир дар бозори меҳнат ба таври назаррас талабот пайдо кардааст. Хонандагони синфҳои болоӣ раванди таълимро аз рӯи он баҳо медиҳанд, ки омӯзиши фаннҳои таълимӣ барои ояндаи онҳо чӣ медиҳад. Дар натиҷа, робитаи мустаҳкам байни манфиатҳои касбӣ ва таълимӣ муқаррар карда мешавад.Дар мақола маълумот оид ба шароити кунунии таълими фанни санъати тасвирӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, талаботи хонандагон нисбат омӯзиши асосҳои тарроҳӣ, таҳлили барномаҳои таълимии соҳавӣ, афкори олимон дар бораи омӯзиши тарроҳӣ, ташкили маҳфили “Асосҳои дизайн” ва ғайраҳо аз манбаъҳои муътамад пешниҳод ва хулоса шудаанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

таълим, санъати тасвирӣ, асосҳои тарроҳӣ, хонандагон, дарс, маҳфил, барномаи таълимӣ