МАРҲИЛАҲОИ ОМЎЗИШИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАТНӢ ДАР ДАРСИ МАТЕМАТИКАИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (34.Бурҳонов Қ.Т.,Султонов Р.Н..pdf)Бурҳонов Қ.Т.,Султонов Р.Н.МАРҳИЛАҳОИ ОМЎЗИШИ ҳАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАТНӢ ДАР ДАРСИ МАТЕМАТИКАИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ37

 


МУАЛЛИФ: Бурҳонов Қурбонбой Турсунраҷабович, н.и.п., дотсент; Султонов Рустам Нозимович, сармуаллими кафедраи риёзӣ - табиӣ тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо-и МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ѓафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии мароҳили ёдгирии ҳалли масъалаҳои матнӣ дар дарси математикаи синфҳои ибтидоӣ ихтисос дорад. Қайд мешавад, ки ҷузъи муњими таркибии бахши математикаи синфи ибтидоӣ ифодањо оид ба чор амал ва масъалањо мебошад. Тазаккур меравад, ки ба воситаи масъалањо асосан тамоми мазмуни математика ва мафњумњои он омўхта мешаванд. Собит шудааст, ки талабагон њангоми њалли масъалањо маънои њар як амал ва мавридњои асосии татбиќи онро идрок менамоянд, малакањои ҳисобкуниҳои шифоҳиву хаттии талабагон мустаҳкам карда мешаванд,барои мустаҳкам намудани хотира ва инкишофи тафаккури мустақилонаи хонандагон ва тарбияи фаъолнокӣ ва ташаббускории онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Тартиб додани масъалаҳо имкон медиҳад, ки бачаҳо на фақат вижагиҳои зоҳирӣ, сохтор ва роҳҳои ҳалро сарфаҳм раванд, балки тафаккури эҷодии худро инкишоф диҳанд, барои тартиб додани масъалаҳо маводи ададӣ ва матнӣ ҷустуҷӯ намоянд, то ки алоқаи таълим ба ҳаёт мустаҳкам шавад. Муаллифон ба ин натиҷа расидаанд, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани дониши риёзии хонандагони хурдсол ин марҳила ба марҳила омӯзонидани масъалаҳо ба ҳисоб меравад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

рақам, адад, адади номдор, адади номдори сода ва мураккаб, ченаки дарозӣ, ченаки вақт, ченаки вазн,ифода, қоида, таълим, метод