ДОНИШМАНДОНУ БУЗУРГОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ОИД БА МУОШИРАТ ВА ҲУСНИ БАЁН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (21.Негматов С.Э., Зоиров С.А..pdf)Негматов С.Э., Зоиров С.А.ДОНИШМАНДОНУ БУЗУРГОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ОИД БА МУОШИРАТ ВА ҲУСНИ БАЁН53

 


МУАЛЛИФ: Негматов Саъдуллоҷон Эргашевич, д.и.п., профессори Донишгоњи миллии Тоҷикистон; Зоиров Сиротулло Абдумаҷидович, унвонҷўйи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмон Чомӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола сухан дар бораи ҳусни баён, муоширати солим ва одоби суҳбат аз дидгоҳи донишмандону суханварони адабиёти классикиву муосири тоҷик меравад. Ин мавзўъ дар мақола васеъ таҳлил гардида, муаллифон кўшиш кардаанд,ки андешаҳояшонро бо назму насри адибону шоирон тақвият бахшанд.Мавзӯи муошират, одоби сухан, мавқеъ ва манзалати сухан, накӯгуфторӣ, ширинкаломӣ аз масъалаҳоест, ки доимо дар мадди назари аҳли илму адаб қарор дорад.Қайд мешавад, ки сухан атои Парвардигор аст. Вай қудрати ҳам созандагӣ ва ҳам сӯзандагӣ дорад. Оқилон ин силоҳи пуртавонро баҳри ободӣ, вале ҷоҳилон барои харобкорӣ истифода кардаанд. Таърих ҳамеша ҳукми оқилона мебарорад: якеро сарфарозу некном, дигареро маҳкум мекунад. Таҳлилҳо собит намуданд, ки дар давлатҳои Юнону Мисри Қадим, Ҳинду Шарқ санъати суханварӣ доимо дар мадди назари аҳли ҷомеа буд. Аз ин рӯ, он чун фанни махсус таълим дода мешуд. Муарифон ба натиҷа мерасанд, ки барои педагогон донистани санъати суханварӣ хеле зарурбуда, он чун силоҳи муқтадир дар таълиму тарбияи насли наврас ба кор меравад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

сухан, муоширати солим, одоби сухан, одоби гуфтор, каломи балеғ, таҳаммул, андеша, байт, суханвар, адабиёти тоҷик