ТАҲЛИЛ ВА ТАСНИФИ САРЧАШМАҲОИ АСОСИИ «ҶАВОМЕЪ-УЛ-ҲИКОЁТ» - И МУҲАММАД АВФИИ БУХОРОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (17.Агзамова Р.Э..pdf)Агзамова Р.Э.ТАҲЛИЛ ВА ТАСНИФИ САРЧАШМАҲОИ АСОСИИ «ҶАВОМЕЪ-УЛ-ҲИКОЁТ» - И МУҲАММАД АВФИИ БУХОРОӢ45

 


МУАЛЛИФ: Агзамова Рухшона Эҳсоновна, унвонҷӯи кафедаи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои Шарқи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров (Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаи муҳими адабиётшиносӣ – омӯзиши сарчашмаҳо дар асари донишманд ва тазкиранависи асрҳои XII-XIII Муҳаммад Авфии Бухороӣ ”Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт” бахшида шудааст. Муаллиф хизмати олимони ватаниву хориҷиро дар таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти муаллифи асари ”Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт” Муҳаммад Авфии Бухороӣ махсус таъкид намуда, иброз менамояд, ки масъалаи омӯзиши сарчашмаҳо ҳанӯз мавриди баҳси муфассал қарор нагирифтааст. Муаллифи мақола бинобар гуногунмавзӯъ ва аз ҷиҳати теъдод хеле зиёд будани сарчашмаҳо онҳоро муайян намуда, ба гурӯҳҳо тасниф менамояд. Муаллиф сарчашмаҳоро аз лиҳози мавзӯъ ба гурӯҳҳои махсус, ба мисли таърихӣ, панду ахлоқӣ, динӣ-ирфонӣ, илмӣ ва сиёсӣ-идорӣ ҷудо намуда, кӯшидааст оид ба ҳар яке аз онҳо маълумоти зарурӣ пешниҳод менамояд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

сарчашмаҳо, таърихӣ, динӣ-ирфонӣ, панду ахлоқӣ, илмӣ, сиёсӣ-идорӣ