"УСУЛИ МУҚОИСА ҲАМЧУН УСУЛИ САМАРАБАХШИ МЕТОДОЛОГИИ ТАЪЛИМИ ГРАММАТИКАИ ЗАБОНИ РУСЙ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ваҳобова М.А., Шарипова Н.И..pdf)Ваҳобова М.А., Шарипова Н.И.УСУЛИ МУҚОИСА ҲАМЧУН УСУЛИ САМАРАБАХШИ МЕТОДОЛОГИИ ТАЪЛИМИ ГРАММАТИКАИ ЗАБОНИ РУСӢ45

 


МУАЛЛИФ: Ваҳобова Матлуба Адиловна, сармуаллими  кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ; Шарипова Нилуфар Исматуллоевна, сармуаллими  кафедраи  методикаи таълими забон ва адабиёти руси МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба  яке  аз  усулҳои самараноки таълим – муқоиса, ки дар машғулиятҳои таълими грамматикаи забони муосири рус истифода мешавад, бахшида шудааст, ки диққати бештарро талаб менамояд. Муқоиса ҳамчун яке аз усулҳои самараноки таълим дар методикаи таълим дар мактабҳои миёна ва олӣ васеъ паҳн шудааст. Ҳангоми таълими курси забони муосири  русӣ  ба толибилмоне, ки забони русӣ барояшон забони модарӣ  нест, усули муқоиса дар раванди таълим ҷои муҳимро ишғол намуда, самарнокиии онро бисёр муаллимони забони русӣ  дар  амал санҷидаанд. Истифодаи усули муқоиса ҳангоми таълими грамматикаи забони русӣ  имконияти  ба таври расмӣ  аз  ёд  кардани  маводи  таълимро  истисно  намуда, дониши хонандагонро мустаҳкам, устувор ва таъсирбахш мегардонад. Онҳо дар амалияи нутқи даҳонӣ ва хаттӣ донишҳои азхудкардаро озодона истифода мебаранд. Муаллифони мақола мавзӯъҳоеро пешниҳод менамоянд, ки ҳангоми таълими грамматикаи забони русӣ метавон мавзӯи муқоиса бошанд, ва роҳҳои истифодабарии усули баррасишаванда  пешниҳод карда мешаванд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

усули муқоиса, монандӣ, тафовут, мавзӯи  муқоиса, грамматика, хусусиятҳои грамматикӣ, морфология, синтаксис, раванди таълим