"ПАЙВАНДИ ҶУҒРОФИЁИИ ҲИСОР ВА БАДАХШОН ДАР ШЕЪРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Охонниёзов В.Д..pdf)Охонниёзов В.Д. ПАЙВАНДИ ҶУҒРОФИЁИИ ҲИСОР ВА БАДАХШОН ДАР ШЕЪРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА 42

 


МУАЛЛИФ: Охонниёзов Варқа Дустович, д.и.ф.,сарходими илмии шӯъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии ба номи Б. Искандарови АМИТ (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

"Мирзо Турсунзода аз зумраи он шоирони адабиёти тоҷики даврони шӯравӣ буд, ки бо сабки соддабаёнӣ ва тараннуми мавзӯъҳои анъанавӣ, аз ҷумла мавзӯи ватану ватандорӣ дар миёни аҳли фарҳанг ва мардуми қаторӣ машҳур аст. Тазаккур меравад, ки ватан бо тамоми ҷузъиёт ва ашёи хеш мавриди тасвир ва тавсифи шоир дар ҳар шаклу навъи эҷодаш қарор гирифта, шоир дар тӯли тамоми умраш онро аз мавзӯъҳои меҳварии ашъори хеш қарор дода буд. Мақолаи пешниҳодшуда аз хусуси тасвир ва тавсифи се мафҳум дар дарки ҷуғрофии ватани шоир: Ҳисор ҳамчун зодгоҳ, Тоҷикистон ҳамчун ватани аҷдодӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун ватани сиёсӣ баҳс мекунад. Мақола дорои сухан ва таҳлили нав буда, дар он нахустин маротиба тасвирҳои шоир дар боби табиату ашёи Ватан аз нуқтаи назари иртиботи ҷуғрофӣ дар тафаккур ва тасвири шоир таҳлил гардидааст. Ин иртиботи ҷуғрофиро ҳаммонандии ҳудуди Ҳисор ва Бадахшон фароҳам овардааст.   "  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 Мирзо Турсунзода, Ватан, Тоҷикистон, Ҳисор, Бадахшон, пайванди ҷуғрофӣ, мусаввара, кӯҳ, рӯди кӯҳӣ, ошёни баланд, ситора, намод, шукуҳ, шаҳомат