2022 сол
"ИНКИШОФИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИЮ МАЪРИФАТИИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ "
МУАЛЛИФ: Имомова Муборак Абдулазизовна, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров». (Тоҷикистон, Хуҷанд
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
"Дар мақола масъалаи инкишофи фаъолияти эҷодии маърифатии хонандагони хурдсол дар раванди таълим баррасӣ гардидааст. Қайд шудааст, ки барои рушди бомуваффақияти фаъолнокии эҷодии маърифатии хонандагон омӯзгор бояд пеш аз ҳама худаш эҷодкор бошад. Агар омӯзгор худаш эҷодкорона фаъолият накунад, он гоҳ кӯдакони боистеъдод наметавонанд имконоти худро кашф ва амалӣ намоянд. Ба ҳар як омӯзгор зарур аст, ки ба кори бонизоми ҳадафманди ташкили дарсӣ ва беруназдарсӣ саъю кӯшиш намояд. Низоми кори дарсӣ ва беруназдарсӣ бояд аз тарафи омӯзгор ҳамроҳ бо дигар иштирокдорони раванди педагогӣ: хонандагон, падару модарони онҳо, кормандони муассисаҳои ғайримактабӣ тарроҳӣ карда шавад. Бинобар ин дар муассисаи таҳсилотӣ ташкил намудани маҳфилҳои фаннӣ, клубҳои таъминкунандаи шавқу раuбатҳои гуногуни таълимгирандагон зарур мебошад. Онҳо муҳити муошират ва амалҳои муштараке хоҳанд гардид, ки дар онҳо хонандагон худро, имкониятҳои худро месанҷанд, муайян мекунанд ва ба воқеиятҳои соҳаи шуuли мавриди шавқу рағбаташон мутобиқ мешаванд"
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
фаъолнокии эҷодии маърифатӣ, раванди донишандeзӣ, ҳавасмандӣ, мактаби ибтидоӣ, қобилият, кунҷковии кӯдак, дарс, фаъолияти беруназдарсӣ, шавқу рағбат, муошират, худомӯзӣ