2022 сол
"АҲАМИЯТИ ПРИНЦИПИ ПАЙВАСТАНИ НАЗАРИЯ БО АМАЛИЯ ДАР ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ "
МУАЛЛИФ: Сабурӣ Хайрулло Мирзозода, д.и.п., профессори кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ; Пӯлотов Исмоил Мамадович н.и.п., дотсенти кафедраи педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии масъалаи аҳҳамияти принсипи пайвастани назария бо амалия дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси педагогӣ бахшида шудааст.Қайд мешавад, ки дар шароити муосири рушди ҷомеа омодасозии мутахассисони баландихтиссоси соҳаи омӯзгорӣ аҳамияти махсуси илмию касб менамояд, ки ин бо баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои олии омӯзгорӣ алоқаманд аст. Ин дар навбати худ иттилоотонии донишҳои илмии педагогиро дар асоси низомбандии онҳо тавассути амсиласозии донишҳои педагогӣ, риояи аниқу дақиқи принсипи алоқаи назарияи педагогӣ бо амалияи педагогиро дар асоси гузаронидани таҳқиқотҳои таҷрибавӣ -озмоишии илмӣ-педагогӣ аз ҷониби олимон – педагогон дар дараҷаи баланди сифати ва ҳамчунин дар асоси ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами педагогиро дар низоми таҳсилоти олӣ тақозо менамояд. Тазаккур меравад, ки самаранок гардонидани таҳқиқотҳои назариявӣ ва амалии илмӣ-педагогӣ барои ба низом даровардани донишҳои педагогӣ мусоидат менамояд. Омӯзиш, ҷамъбаст, низомбандӣ ва эҷодкорона мавриди ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ зимни ташкил ва гузаронидани таҷрибаи педагогӣ ба донишҷӯён, омӯзгорони оянда имкон медиҳад, ки ба фаъолияти касбӣ- педагогии худ дар сатҳи баланди салоҳиятнокӣ омода гарданд, ки ин дар асоси риояи принсипи алоқаи назарияи педагогӣ бо амалияи педагогӣ имконпазир мегардад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
назарияи педагогӣ, таҷрибаи педагогӣ, салоҳияти касбӣ, объекти иҷтимоӣ-педагогӣ, олим-педагог, педагог –навовар