"МАВҚЕИ ҚОФИЯ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ НАЗИРИИ НИШОПУРӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Махмудзода О.Б..pdf)Махмудзода О.Б.МАВҚЕИ ҚОФИЯ ДАР ЃАЗАЛИЁТИ НАЗИРИИ НИШОПУРӢ 40

 


МУАЛЛИФ: Маҳмудзода  Обидҷони  Бекназар,  номзади  илмҳои филология,  сармуаллими  кафедраи  назария  ва таърихи  адабиѐти  Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ(Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола мавқеи қофия дар ғазалиёти Назирии Нишопурӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муаллиф дар ҷараёни омӯзиши масоили назарии қофия ва ҷойгоҳи он дар шеър муқаррар намудааст, ки адабиётшиносон қофияро яке аз рукнҳои аслии шеъри суннатӣ донистаанд. Дар ҷараёни баррасиҳои нахуст ба ҷойгоҳи қофия дар заминаи истиқбол аз шеваи суханварони пешин таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар асоси он маълум гардидааст, ки Назирӣ ҳарчанд дар ҷараёни пайравӣ аз ғазалиёти шоирони гузашта муҳимтарин усули кори онҳоро дар қофиясозӣ идома медиҳад, вале ба назар мерасад, ки баробари ин тозакориҳое низ дар қофиясозӣ ба вуҷуд меоварад. ҳамзамон, бо истифодаи вожаҳои дигар, такрори қофия ва таҳаввули маъноии онҳо ҳамчун яке аз вижагиҳои муҳими сабки ҳиндӣ, инчунин мазмунсозиҳои шоирона, ба кӯшишу талошҳои навоваронаи шоир таъкид мекунанд. Аз баррасӣ ва таҳқиқи мавзуъ муаллиф ба натиҷае расидааст, ки Назирӣ баробари истифодаи навъҳои мухталифи қофия кӯшидааст, ки таҷрибаҳои ҳунарие  дар эҷоди қофияҳо тавассути ба кор гирифтани калимаҳое, ки камтар дар мақоми ин рукни шеър қарор гирифтаанд, анҷом диҳад, ки дар умум ҳунари шоирии суханварро шарҳу тафсир мекунанд. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 Назирӣ, адабиёти форсизабони Ҳинд, ғазал, қофия, қофияи мураддаф, қофияи мутлақ, қофияи дарунӣ, такрори қофия, маънисозӣ, қофиясанҷ