"АФҒОНИСТОН ДАР ДАВРАИ РАЁСАТИ ПРОФЕССОР БУРҲОНИДДИН РАББОНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Хасанов С.А..pdf)Хасанов С.А.АФҒОНИСТОН ДАР ДАВРАИ РАЁСАТИ ПРОФЕССОР БУРҲОНИДДИН РАББОНӢ 47

 


МУАЛЛИФ: Ҳасанов Саидашраф Акрамович, унвонҷӯи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола давраи ба сари қудрат омадани Бурҳониддин Раббонӣ дар Афғонистон ва ҳукмронии ӯ,  муборизаҳо ва муқовимат бо душманони давлатӣ, пайдоиши “Толибон”-у амалкардҳои ғайрибашарии ин ҳаракати ифротӣ, ташкили “ҷабҳаи муттаҳид” ва мубориза бо толибон, террори Аҳмадшоҳи Масъуд ва интиқоли қудрат мавриди таҳлили илмӣ қарор дода шудааст. Қайд мешавад, ки Афғонистон ҳамчун кишвари ҷангзада  чанд даҳаи охири асри ХХ ва аввали асри ХХI наметавонад як низоме барои сулҳ ва осоиштагии мардум рӯй кор биёрад. Давлати Исломии Афғонистон баъд аз он, ки нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд дар 28 апрели соли 1992 вориди Кобул гардид ташкил ёфт ва аввалин раиси ин давлат дар асоси Паймони  Пешовар С. Муҷаддадӣ таъйин шуд. Норизоиҳо аз роҳбарият ин давлат ва муқовиматҳои муҷоҳиддин, махсусан Г. ҳикматёр нагузошт роҳбариро идома диҳад. Бурҳониддин Раббонӣ аз тариқи созиш ва мусолиҳа дар моҳи июни ҳамон сол ба сари қудрат омад.  Дар соли 1993 Б.Раббонӣ Барномаи рушди давлатро  муаррифӣ намуд. Пайдоиши “Толибон” ва ҳаракатҳои ифротию террористии дигар ба ӯ имкон надод, ки ҳадафҳои дар барнома пешбинишударо амалӣ созад. Дар сентябри 1996 толибон Кобулро гирифтанд. А.Масъуд “ҷабҳаи муттаҳид” таъсис дод ва бо ин ҷараёни террористию экстремистӣ то ба шаҳодат муқовимат намуд. Дар соли 2000 навад дар сади  Афғонистонро аз худ карда буданд, вале ҳамон дуст доштани Ватан ва иродаи мустаҳкам  Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи  Масъуд буд, ки мубориза қатъ намегардид. Пас аз ҳодисаҳои 9-11 сентябри соли 2001 Амрико ва ҳампаймононаш толибонро аз Афғонистон поксозӣ намуданд ва  дар тай як ҷаласа профессор Б.Раббонӣ қудратро ба ҳ.Карзай интиқол дод. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

  Бурҳониддин Раббонӣ, Давлати исломии Афғонистон, Аҳмадшоҳ Масъуд, ҷабҳаи муттаҳиди исломии наҷоти Афғонистон, ҳаракати “Толибон”