"ВАЗЪИ ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ ДАР ШАРОИТИ НАВИ БАРГУЗОРНАМОИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНАЮ КОНСЕРТӢ(СОЛҲОИ 20-30-ЮМИ ҚАРНИ ХХ) "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (2.Исомитдинов Ж.Б. Рустамов Д.А..pdf)Исомитдинов Ж.Б.Рустамов Д.А.ВАЗЪИ ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ ДАР ШАРОИТИ НАВИ БАРГУЗОРНАМОИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНАЮ КОНСЕРТӢ(СОЛҲОИ 20-30-ЮМИ ҚАРНИ ХХ)47

 


МУАЛЛИФ: Исомитдинов Жорабек Бобобекович, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи  таърихи ватан ва археология; Рустамов Додо Абдуҷабборович  н.и. т., дотсент,  мудири  кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими    мусиқии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба тавсифи умумии вазъи фарҳанги идонаю консертии марҳилаи баъди барпошавии ҳокимияти шўравӣ ва сохти  сотсиализм (солҳои 20-30-юми  асри ХХ) дар Тоҷикистони шимолӣ бахшида шудааст. Тазаккур меравад ки дар солҳои аввали ҳокимияти шўравӣ муҳити нави наво ва мусиқии хос ба вуҷуд омад. Суруду мусиқӣ  зарбу оҳанги нав гирифта, бештар дар намуди марш ва  интонатсияҳои нав эҷод мешуд. Қайд мешавад, ки дар ташаккули фарҳанги  мусиқии сотсиалистӣ эҷодиёти ҳаваскорони бадеии пролетарӣ  мақоми хоса дошт.  Дар мақола дар шароити нави иҷтимоиву фарҳангӣ шаклҳои нав  касб  кардани мусиқии анъанавии тоҷикон  мавриди шарҳу тавзеҳ қарор ёфтааст.  Инчунин доир ба ташкили кружокҳои ҳаваскорони бадеӣ, иштироки онҳо бо барномаҳои гуногуни мусиқӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ (озмунҳо, нишастҳо, олимпиадаҳо,  намоишҳои бошукӯҳи пленэрӣ,  мусобиқаҳо, консертҳо ва ғ.) маълумот дода шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Тоҷикистони шимолӣ, фарҳанги ҷашнҳо,  фарҳанги оммавӣ, мусиқии анъанавӣ, ҳаваскорони бадеӣ