ИНЪИКОСИ СИМОИ ТЕМУРМАЛИК ДАР АШЪОРИ МУОСИРИ ҒИНОИИ ТОҶИК

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (16.Бобоҷонова М.Ҳ..pdf)Бобоҷонова М.Ҳ.ИНЪИКОСИ СИМОИ ТЕМУРМАЛИК ДАР АШЪОРИ МУОСИРИ ҒИНОИИ ТОҶИК38

 


МУАЛЛИФ: Бобоҷонова Мадина Ҳайдарҷоновна, н.и.ф., сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таҳқиқи “лирикаи персонажӣ” «шеъри ғиноии шахсиятӣ» бахшида шуда, дар он таҳаввулоти асосии ин навъи ашъор дар адабиёти замони истиқлолият баррасӣ гардидааст. Муаллиф дар заминаи таҳлили шеърҳои «Видои Темурмалик»-и Фарзона, «Темурмалик шудан муҳол аст», «Хуҷанди кўҳна» ва «Урдугоҳ»-и Нурмуҳаммад Ниёзӣ, «Темурмалик»-и Низом Ќосим ба бардоште расидааст, ки суханварон дар баробари зикри шахсиятҳои зиёди хизматнишондодаи ҷабҳаҳои гуногун, инчунин ба масъалаҳои сарнавишти таърихи миллат, ҳуввияти он, худшиносии миллӣ ва таърихӣ, ситоиши ќаҳрамонии диловарони ватандўст ва тарғибу ташвиқи дигар арзишҳои миллӣ даст задаанд. Қайд мешавад, ки симои таърихї ва корномаи қаҳрамононаи Темурмалик низ ҳамчун як ҷузъи ифтихори миллӣ дар шеъри муосири тоҷик ҷойгоҳи хоса пайдо намудааст. Темурмалик рамзи шуҷоату мардонагӣ, далерӣ, қаҳрамониҳои бемисл ва нотакрори мардуми тоҷик шинохта шуда, ҳамчун қаҳрамони миллӣ, нишон аз ифтихори ватандорӣ ва рамзи далерию шуҷоат тасвир гардидааст. Корнома ва ё зиндагиномаи Темурмалик ба хотири ибратомўзӣ дар осори манзуми ғиноӣ омадааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Темурмалик, ашъори ғиноии шахсиятӣ, худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, қаҳрамониву диловарӣ