ТАЪМИНОТИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДӢ ҲАМЧУН ШАРТИ МУҲИМИ ҶОРӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шарипов А.А.....pdf)Шарипов А.А.... ТАЪМИНОТИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДӢ ҲАМЧУН ШАРТИ МУҲИМИ ҶОРӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ38

 


МУАЛЛИФ: Шарипов Абдураҳмон Абдуазизович, унвонҷўи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии ҷойгоҳу аҳамияти таъминоти таълимӣ-методӣ ҳамчун шарти муҳими ҳамроҳии донишҷӯён бахшида шудааст. Дар асоси омӯзиши дидгоҳҳо ва коркардҳои муҳаққиқон ва мутахассисон мундариҷа ва махсусияти як қатор истилоҳҳое таҳқиқ мешаванд, ки дар робита бо амалисозии таълими электронӣ ба муомилоти илмӣ ворид шуданд: захираҳои электронии таълимӣ-методӣ, маҷмӯи маводи таълимӣ-методӣ, комплекси таълимӣ-методӣ, курси таълимии электронӣ. Таъкид мегардад, ки истифодаи комплексҳои электронии таълимӣ-методӣ барои таъмини сифати омодагии касбии мутахассисони оянда шароит фароҳам меорад. Муаллифи мақола ба хулосае мерасад, ки гуногунии воситаҳои таълим, ки маводро пешниҳод мекунанд, ҳамчунин тарзи махсуси татбиқи воситаҳои таълим, ҳамбастагии дурусти навъҳои гуногуни маводи таълим имкон медиҳад, то роҳҳои гуногуни дарки таълимгирандагон истифода шаванд, шароит барои ҷалби донишҷӯён шароит фароҳам оварда шавад, идоракунии фаъолияти маърифатии таълимгирандагон таъмин гардида, онҳо ба фикрронӣ, таҳлил, татбиқи донишҳо дар фаъолияти касбӣ ва ғ. водор шаванд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

таъминоти таълимӣ-методӣ, таълими электронӣ, захираҳо, модул, раванди таълим.