ДОИР БА ИСТИФОДАИ ФАНОВАРИҲОИ НАВОВАРОНА ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Муродов М.К., Исмоилов Ш.М.....pdf)Муродов М.К., Исмоилов Ш.М....ДОИР БА ИСТИФОДАИ ФАНОВАРИҲОИ НАВОВАРОНА ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ44

 


МУАЛЛИФ: Муродов Маcкурбек Келдибекович, сармуаллими кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатcионӣ ва барномарезӣ; Иcмoилoв Шуҳратҷoн Мамараҳимoвич, н.и.и, сармуаллими кафедраи технoлoгияҳoи иттилooтӣ дар иқтиcoдиёти Дoнишгoҳи дaвлaтии ҳуқуқ, бизнеc вa cиёcaти Тoҷикиcтoн (Тоҷикиcтон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии ҷойгоҳу аҳамияти таъминоти таълимӣ-методӣ ҳамчун шарти муҳими ҳамроҳии донишҷўён бахшида шудааст. Дар асоси омўзиши дидгоҳҳо ва коркардҳои муҳаққиқон ва мутахассисон мундариҷа ва махсусияти як қатор истилоҳҳое таҳқиқ мешаванд, ки дар робита бо амалисозии таълими электронӣ ба муомилоти илмӣ ворид шуданд: захираҳои электронии таълимӣ-методӣ, маҷмўи маводи таълимӣ-методӣ, комплекси таълимӣ-методӣ, курси таълимии электронӣ. Таъкид мегардад, ки истифодаи комплексҳои электронии таълимӣ-методӣ барои таъмини сифати омодагии касбии мутахассисони оянда шароит фароҳам меорад. Муаллифи мақола ба хулосае мерасад, ки гуногунии воситаҳои таълим, ки маводро пешниҳод мекунанд, ҳамчунин тарзи махсуси татбиқи воситаҳои таълим, ҳамбастагии дурусти навъҳои гуногуни маводи таълим имкон медиҳад, то роҳҳои гуногуни дарки таълимгирандагон истифода шаванд, шароит барои ҷалби донишҷўён шароит фароҳам оварда шавад, идоракунии фаъолияти маърифатии таълимгирандагон таъмин гардида, онҳо ба фикрронӣ, таҳлил, татбиқи донишҳо дар фаъолияти касбӣ ва ғ. водор шаванд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

таъминоти таълимӣ-методӣ, таълими электронӣ, захираҳо, модул, раванди таълим.